15 метр баландӣ, 200 метр паҳноӣ. Тармафароӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқ

Рӯзҳои охир дар заминаи боришоти пуршиддат теъдоди тармаҳои хурду бузург дар роҳи Душанбе — Чаноқ 70 ададро  ташкил додааст. Бино бар иттиллои маркази матбуоти филиали  Ширкати “IRS”, барои  бартараф намудани онҳо кормандони ширкат аз тамоми имкониятҳо  истифода намуданд.

«Қобили зикр аст, ки баландии баъзе тармаҳо то 15 метр ва паҳноӣ зиёда аз 200 метр буд. Азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони ширкати зикршуда боис шуд, ки дар муддати кӯтоҳ монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд. Барои зудтар рафъ намудани пайомадҳои ин офати табиӣ 36 техникаву механизмҳои “IRS” сафарбар шуда, аз ҷониби “IRS” ба ронандагону мусофирон озуқа низ тақсим гардид. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро талаб менамояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши куҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар муддати 13 соли фаъолияти филиали ширкат зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе — Чаноқро таъмиру азнавсозӣ гардидааст. Тӯли 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир  амалӣ шуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *