Дар Чин Президенти Тоҷикистонро интизоранд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ озими Чин мешавад.
Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунъин, сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20-уми май сурат мегирад.
«Бо даъвати Президенти Чин Си Ҷинпин сарони давлатҳои Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 16 то 20-уми май бо як сафари давлатӣ вориди Чин хоҳанд шуд»,- гуфтааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин.
Гуфта мешавад, ки Президенти Тоҷикистон ва ҳамтоёни ӯ барои ширкат дар ҳамоиши «Чин — Осиёи Марказӣ» вориди шаҳри Сиани Чин мешаванд. Ин нишаст рӯзҳои 18-19-уми май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ