паспорт

Дар як рӯз 500 нафар. Чаро тоҷикон шаҳрвандии Русияро мегиранд?

Давоми се моҳи соли равон наздики 45 ҳазор тоҷикистонӣ ба иловаи шаҳрвандии худ ҳамчунин шаҳрвандии Русияро низ дарёфт карданд. Ин дар ҳолест, ки қонуни нави Русия тартиби бекор кардани шаҳрвандиро низ “содда” кард.

Тоҷикистон пешгом

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 106 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки нисбат ба як соли қабл 35 ҳазор нафар камтар аст.

Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи вазъи муҳоҷират дар давраи аз январ то марти соли 2023, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

“Теъдоди шахсоне, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023 нисбати онҳо қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия қабул шудааст, 106 320 нафарро ташкил медиҳад”,- омадааст дар хабари ВКД.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки шиносномаи Русияро гирифтанд, ба 141 663 нафар баробар буд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар се моҳи соли 2023 дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон 44,9 ҳазор қарор қабул шудааст. Яъне ба ҳисоби миёна дар як рӯз наздики 500 нафар аз Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Вазорат мегӯяд, ин нишондод дар давраи муайяншуда баландтарин буд.

Зимнан, ҷойҳои дуюмро шаҳрвандони Украина (22 ҳазор) ва савумро Арманистон (8,9 ҳазор) ишғол кардаанд.

Ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Қазоқистон (6,9 ҳазор), Қирғизистон (5,4 ҳазор), Ӯзбекистон (4,7 ҳазор), Озарбойҷон (3,7 ҳазор), Молдова (3,1 ҳазор), Белорус (2,4 ҳазор) ва Туркманистон (912 нафар) шомил буданд.

Кӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум мешавад?

Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои шиносномаи русӣ талош мекунанд, ба Қонун “Дар бораи шаҳрвандии Русия” тағйирот ворид гардида, мутобиқи он номгӯи ҷиноятҳое, ки содир кардани онҳо ба бекор кардани шаҳрвандии Русия боис мегардад, зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо онҳое аз шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд, ки онро на аз рӯи ҳуқуқи таваллуд, балки дар натиҷаи қабул ба шаҳрвандӣ гирифтаанд. Аксарияти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.

Президенти Русия Владимир Путин қонуни навро «Дар бораи шаҳрвандӣ» дар таҳрири нав имзо кард. Акнун шаҳрвандии Русияро, ки ба даст оварда шудааст, аз ҷумла барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯи моддаҳои вобаста ба фейкҳо ё худ маълумоти бардурӯғи ҳарбӣ (моддаи 207.3-и Кодекси ҷиноятӣ) ва «бадному беобрӯ» (дискредитатсия) кардани қувваҳои мусаллаҳ (моддаи 280.3-и Кодекси ҷиноятӣ) гирифта метавонанд. Қонуни нав дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

 Акнун пас аз ворид намудани тағйирот, шаҳрвандии ин нафарон бекор мешавад:

— бадному беобрӯкунии Қувваҳои мусаллаҳи Русия;

— содир намудани амалҳои хатаровар ба амнияти миллӣ;

— даъвати оммавӣ ба вайрон кардани тамомияти арзӣ;

— даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ (экстремизм);

— ошӯби мусаллаҳона;

— сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ;

— иштирок дар ташкилоти ғайридавлатии хориҷӣ ё байналмилалии номатлуб.

Қонуни мазкур дар пасманзари амалиёти махсуси низомии Русия дар қаламрави Украина қабул шуд ва як ҷузъи асосиву нозуки он “бадном кардани артиш” аст, ки дар моддаи 280.3-и Кодекси ҷиноятии Русия зикр шудааст.

Аммо худи мафҳуми бадномкунӣ дар модда оварда нашудааст, ки ба суд ҷиҳати шарҳу тафсири озодонаи он имкон медиҳад. Масалан, барои шӯхӣ дар Интернет, саркашӣ аз хизмат дар артиш ва ё ягон ҳаҷв низ суд метавонад шаҳрвандиро бекор кунад.

Яъне аз ин ба баъд тоҷиконе, ки шаҳрванди Русия мешаванд, дар сари мӯ қарор мегиранд, зеро ҳар баҳона метавонад онҳоро аз шиносномаи русӣ маҳрум кунад…

Д. ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *