Дар Чин «прокурори рақамӣ”-ро таҳия карданд

Олимони чинӣ зеҳнияти сунъиро таҳия кардаанд, ки метавонад дар асоси шарҳи шифоҳии парванда бо дақиқии 97 дарсад айбдоркуниро эълон намояд. Дар ин бора рӯзномаи South China Morning Post навиштааст.

Технологияи нав аллакай дар Прокуратураи халқии ноҳияи Пудуни Шанхай озмуда шудааст. Олимон мутмаинанд, ки рушди «прокурорҳои рақамӣ” вазнинии кори ҳаррӯзаи додситонҳоро коҳиш дода, имкон медиҳад, ки ба парвандаҳои мураккабтар таваҷҷуҳ намоянд. Ба андешаи онҳо, ин низом метавонад то андозае дар раванди қабули қарор додситонҳоро иваз кунад.

Зеҳнияти сунъӣ дар асоси беш аз 17 ҳазор парвандаи аз соли 2015 то соли 2020 баррасигардида омӯхта шудааст.

Аллакай зеҳнияти сунъӣ метавонад барои ҳашт ҷинояти маъмултарин дар Шанхай қарори айбдорӣ барорад. Ба ин рӯйхат қаллобӣ бо корти қарзӣ, қиморбозӣ, ронандагии беэҳтиётона, расонидани зарари барқасдона, монеъ шудан ба иҷрои вазифа, дуздӣ, қаллобӣ, инчунин эҷод кардани мушкилот шомил гардидаанд.

Ба гуфтаи олимон, дар оянда “прокурори рақамӣ” метавонад тибқи баъзе моддаҳои дигар низ айбнома эълон кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *