Дар ДМТ профессор Асадулло Саъдуллоевро қадрдонӣ карданд
Дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмию таҳқиқотии публитсистикаи тоҷик ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев кушода шуд, ки дар маросими кушодани ин марказ ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Ин марказ дар ҳоле мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки имсол факултети журналистика 30-сола мешавад ва профессор Асадулло Саъдуллоев яке аз омӯзгоронест, ки аз солҳои аввали таъсиси факултет то рӯзҳои охирини ҳаёт дар ин боргоҳ дарс гуфтаанд.
Факултети журналистика зодаи истиқлоли Тоҷикистон аст. Соли 1992 дар асоси қарори Шӯрои олимони ДМТ дар заминаи шуъбаи журналистика ва гуруҳи ихтисоси тарҷумонии факултети филологияи тоҷик факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд. Аммо заминаҳои он ҳанӯз солҳои 60-уми асри 20 бо ташкили шуъбаи журналистика гузошта шуда буд. Соли 1966 бо ташаббуси ректори донишгоҳ Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов ва Мукаррама Набиевна Қосимова шуъбаи журналистика ташкил шуд. Дар бунёд ва рушди факултети журналистика заҳмати нахустдекани он, профессор И. Усмонов хеле зиёд аст. Ҳамчунин, аҳли факултет хотираву заҳмати устодони ҷовидном Воҳид Асрорӣ, Хоҷабек Зулфиқоров, Давлатбек Давроновро, ки то рӯзҳои охири умр аз таълиму тарбияи шогирдон дур нашуданд, ёд доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ