Жило Гулназарзода

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳо 22 ихтисоси нав ташкил мешавад

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гуфта шуд, ки дар донишгоҳ 22 ихтисоси нав ташкил мешавад.

Зикр гардид, ки 16 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр ва боқимонда дар зинаи магистратураву докторантура хоҳанд буд. Яке аз ихтисосҳои нав дар самти рӯзноманигорӣ аст.

Инчунин, зикр гардид, ки дар донишгоҳ барои маъюбон имтиёзҳо дода мешавад. 14 нафар донишҷӯёни гуруҳҳои гуногуни маъюб аз шартномаи донишгоҳ озод карда шудаанд.

— Ҳар моҳ ба донишҷӯёни ятиму нимятим дар донишгоҳ новобаста аз идрорпулиашон 250 сомонӣ аз тарафи маъмурияти донишгоҳ кумак карда мешавад,- зикр гардид дар нишасти матбуотии донишгоҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *