варзиши наврасон

Ду мусовии наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми рушд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар гуруҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Белорус (U-16) бозӣ мекунад.

Дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқа бо ҳамсолони худ аз Русия рақобат кард. Вохўрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон Раббонӣ Камолов гол зад. Дар бозии дигар наврасони Эрон бар дастаи 16-солаҳои Белорус бо натиҷаи 4:0 пирўз шуданд.

Дар гуруҳи «А» Қазоқистон (U-17) бар Русия (U-16) бо ҳисоби 1:0 ва Белорус (U-17) бар Ўзбекистон (U-16) бо натиҷаи 3:0 ғолиб омаданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гуруҳӣ рўзи 7-уми феврал наврасони Тоҷикистон бо тими Белорус (U-16) бозӣ карданд. Ин дидор дар толори футболи Минск баргузор шуд ва мусовӣ (2:2) ба охир расид. Голҳоро Ҳоҷӣ Абдуманнон ва Диловар Ҷамшедзода заданд. Дар бозии дигари ҳамин гуруҳ дастаи Эрон (U-17) аз дастаи Русия (U-17) бо натиҷаи 0:2 шикаст хўрд. Вохўрии охирини гуруҳии наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон аст, ки рўзи 9-уми феврал баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *