Дар Душанбе ҳамкорӣ бо СММ баррасӣ шуд
10 январ дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузор шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди байни ҷумҳурӣ ва сохторҳои СММ-ро баррасӣ карданд. Ба масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд диққати махсус дода шуд.
Дар мулоқот аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикии Тоҷикистону СММ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба рушди устувор, беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои экологӣ нигаронида шудаанд, таъкид гардид.
Дар доираи муколама ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳое, ки ба татбиқи ҳадафҳои глобалии СММ дар минтақа равона шудаанд, изҳор намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ