Сафари Ашраф Ғанӣ ба Душанбе маълум шуд

Дар шаҳри Душанбе конфронси фароянди “Қалби Осиё — раванди Истамбул” бо иштироки ду президенту 14 вазири корҳои хориҷӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 29 ба 30 марти соли равон дар Душанбе нӯҳумин конфронси вазирони корҳои  хориҷии 15 кишвари узви ин фароянд таҳти унвони «Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа» баргузор мешавад.

“Дар рӯзи аввал, 29 март, мақомоти баландпоя мулоқотҳои рӯ ба рӯ хоҳанд дошт. Ҳамон рӯз вазирони кишварҳои узви раванд як ҷаласаи муштарак хоҳанд дошт”, — хабар додааст манбаъ ба Sputnik.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 март конфронс таҳти унвони «Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа» бо суханронии ифтитоҳияи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Раиси ҷумҳурии исломии Афғонистон оғоз хоҳад шуд.

Бино ба барномаи конфронс, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон – Сироҷиддини Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар низ суханронии истиқболӣ карда, раҳбарони намояндагиҳои кишварҳои узв ҳар як 5 дақиқа суҳбат хоҳанд дошт.

Дар пайи он ҷаласаи асосии конфронс баргузор мешавад, ки дар он раҳбарони намояндагиҳои кишварҳо ва созмонҳои ҳомии “Қалби Осиё — раванди Истамбул” назароти худро дар бораи тақвияти иҷмои байналмилалӣ барои сулҳу тавсеа дар Афғонистон баён хоҳанд дошт ва ин мавзӯъро ба баррасӣ хоҳанд гирифт.

Конфронс бо қабули “Эъломияи Душанбе” ва ҳам як нишасти матбуотӣ бо ширкати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон ба анҷом мерасад.

“Қалби Осиё — раванди Истамбул” як ибтикори минтақаии байни Афғонистону Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ин қолаб бистаре барои гуфтугӯи сиёсӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ барои овардани эътидол, субот, сулҳу рифоҳ дар Афғонистон ва кулли минтақа аст. Ширкаткунандагони «Раванди Истамбул» Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *