Савронбӣ ошиқашро бо корди хоҷагӣ кушт

Савронбӣ дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи ошиқаш мезанад

Тавре Офоқи Қодириён хабар медиҳад, даст задан ба амалҳои ғайриинсонӣ аз қабили куштор, аз ҷониби як нафар зан, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, мардуми ин маҳалро ваҳшатзада кардааст.
Бо ворид шудани хабари телефонӣ ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур оиди бо ҷароҳатҳои буррандаву халанда ба ҳалокат расидани сокини ҳамин ноҳия Талабов Ғафурҷон, соли таваллудаш 1999 аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, гумонбари ин ҷинояти сангин дар як муддати кутоҳ дастгир карда шуд.
Савронбии Файзулло, соли таваллудаш 1993, ки бо марҳум Талабов Ғ. пештар ошноӣ пайдо кардаву бо ҳам муносибатҳои ошиқона доштаанд, дар пайи як муноқишаи байнашон ба вуқӯъ пайваста, дар хонаи истиқоматияш ду маротиба бо корди хоҷагӣ ба қисмати қафаси синаи марҳум мезанад, ки дар натиҷа охирон аз зарбаҳои гирифтааш, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар Прокуратураи ноҳияи Ҳамадонӣ нисбати Савронбии Файзулло бо аломатҳои ҷинояти моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *