Дар Душанбе бино нави сафорати Эрон боз шуд

Маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе бо иштироки Муҳаммадҷавод Зариф ва Сироҷиддин Аслов, вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин маросим инчунин намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва фарҳангиёну зиёиёни тоҷик ҳам иштирок карданд.Ин маросим дар пайи дидору гуфтугӯҳои вазири хориҷаи Эрон Муҳаммадҷавод Зариф бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ки ба қавли расонаҳои эронӣ, ду соат ва пушти дарҳои баста идома кард. Мақомот гуфтанд, ки дар ин дидор сӯҳбат аз ҳамкориҳои дуҷонибаву раванди иҷрои созишҳои дар гузашта ҳосилшуда рафт, вале ҷузъиёти дигари марбут ба равобити ду кишвар, бахусус дар масоили мавриди баррасӣ дар расонаҳо дар ин ду соли охир нашр намешавад.Дар маросими муаррифии бинои нави сафорати Эрон намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ  иштирок карданд ва  куллан руҳияи мақомоти баландпояи эрониву тоҷикистонӣ хуб буд. Дар канори Муҳаммадҷаводи Зариф — Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар ин маросим иштирок кард.Вазири корҳои хориҷии Эрон дар суханронии мухтасари худ натиҷаидидораш бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла президенти  Тоҷикистонро муфид хонда ва дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе таъкид кардааст, ки “инҷо хонаи мост ва ҳар чи бештар густариш ёфтани равобиту ҳамкорӣ ва муносиботи дӯстона ба нафъи ҳар як кишвар ва миллат аст. Ин ҳадаф дар авлавият қарор дорад”.Ба навбаи худ Сироҷиддин Аслов аз ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ карда ва онро барои беҳтару бештар шудани равобити ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим арзёбӣ кардааст. Субҳи 9 ноябр Муҳаммадҷаводи Зариф, сафараш ба Тоҷикистонро анҷом дода ба қасди Самарқанд Душанберо тарк кард. Дар Самарқанд рӯзи 10 ноябр қарор аст нишасти 13-уми вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷараён гирад.Вазири умури хориҷии Эрон баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи ду соли ахири сардии равобит миёни Душанбе ва Теҳрон, аз Тоҷикистон дидан кард. Дар танҳо хабари расмие, ки шоми 8 ноябр дар вебсайти президент нашр шуд, гуфта шудааст, ки «ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.»Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири умури хориҷии Эрон, масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва тундгароӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, низ баҳс шудааст. Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки рӯзҳои наздик дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, баргузор мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *