Шиноварӣ дар варзишгоҳи «Динамо»-и ВКД

4-уми ноябр дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД бахшида ба «Рӯзи Президент» мусобиқаи шиноварӣ дар байни наврасону ҷавонони солҳои таваллудашон  2000-2007 доир гардид, ки дар он беш аз 50 варзишгари наврасу ҷавон иштирок намуданд.

Шиноварон аз рӯйи 3 намуди шиноварӣ: тарзи озод, пуштнокӣ ва брасс бо ҳам рақобат намуданд.
Ҳамин тавр, миёни наврасон дар тарзи озоди 100-метра ҷойи аввал насиби Саддами Рамзиёр ва ҷойи дуюм ба Азамат Тӯйчиев ва ҷойи сеюм ба Камолиддин Шукруллоев насиб гардид.
Дар тарзи озод, ки 50 метрро ташкил медод, зинаи аввал боз ҳам насиби Саддами Рамзиёр ва зинаи дуюми мусобиқаро Нушервони Фарҳод соҳиб гардида, зинаи сеюмро Азамат Тӯйчиев сазовор шуд.
Дар тарзи 50-метра, ки аз намуди пуштнокӣ баргузор гардид, ҷойи аввалро Масрури Илҳом соҳиб гардида, ҷойи дуюмро Абубакр Мираков ва ҷойи сеюмро Пӯлод Додалиев ба даст оварданд.
Дар давоми баргузории мусобиқаи шиноварӣ миёни ҷавонон низ ғолибон муайян гардиданд.
Дар ҷойи аввал аз намуди тарзи озод ва пуштнокӣ дар масофаҳои 50 ва 100-метра ҷойи аввалро Алиҷон Хайруллоев, ҷойи дуюмро Ардашер Гадоев ва зинаи сеюмро Мансур Исмоилов сазовор гардиданд.
Дар 50 метр тарзи бросс бошад, ҷойи аввалро Сомон Давлатов, ҷойи дуюмро Мансур Исмоилов ва ҷойи сеюмро Абубакр Миралиев соҳиб шуданд.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *