Дар Душанбе бинои нави вазорати саноат бунёд мешавад

13 март Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Дар бинои нав барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкорону сармоягузорон ва таҳияи лоиҳаҳои корхонаҳои саноатӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *