Санги асос барои бинои нави вазорати маориф гузошта шуд

13 март Президенти кмшвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин тибқи лоиҳа иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.

Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шудааст.

 Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеъи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гушаву канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати 3 сол ба истифода додани бино, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва таваҷҷуҳи хоса додан ба масъалаи кабудизоркуниву сарсабз намудани гирду атрофи иншоот супоришҳои мушаххас доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *