Дастури Президент барои ҷалби сармоя ба корхонаи “Нассоҷии Тоҷик”

Имрӯз, 13 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” боздид намуданд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҳадаф шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи “Нассоҷии Тоҷик” мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳолии корхона ва таъсиси ҳазорҳо ҷой нави корӣ барои духтарону бонувон, дастуру супоришҳо додаааст.

Таъкид гардидааст, ки иқтидору захираҳои корхонаи нассоҷии тоҷик имкон медиҳад дар ин ҷо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *