Барои олимону кормандони АМИТ бунгоҳи тиббӣ боз шуд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бунгоҳи тиббӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар бунгоҳи тиббӣ тамоми шароит барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими кушодашавии он имрӯз, 13 март Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар олимону кормандон иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳ роҳбарияти академия қайд кардааст, ки иқдоми мазкур бо мақсади расонидани ёрии аввалияи тиббӣ барои олимону кормандони академия роҳандозӣ гардида, ҳамчун як базаи муҳим дар заминаи шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар Академияи миллии Тоҷикистон маҳз дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани дастигириҳои тиббӣ ба аҳолӣ роҳандозӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *