Дар Душанбе боз як эстакадаи дигар месозанд
Бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тахриб мешавад. Бино ба иттилои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, ба ҷойи он эстакада бунёд хоҳад шуд.
Сохтмони бинои нави раёсат дар майдони “Бофанда”-и пойтахт оғоз шуда, давоми 2-3 сол давом мекунад.
Мақсад аз бунёди эстакада бартараф кардани ҷараёни тамбашавии мошинҳо ва баланд бардоштани иқтидори нақлиётии хатсайрҳо арзёбӣ мешавад.
Дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик — биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танкаи ИС-2”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба дар пойтахт ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ қомат афрохта буд, тахриб мешаванд. Интизор аст, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии пойтахт то соли 2030 дар Душанбе ҳудуди 20 эстакадаи нав бунёд карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ