Роҳбари нави Донишкадаи ҲИМОМ. Кабир Ҷӯразода кист?

Кабир Ҷӯразода директори нави Донишкадаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ таъйин гардид.

Ҷӯразода таҷрибаи зиёда аз 25-солаи кор дар соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии молияи давлатӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, сиёсати иҷтимоии давлатӣ, банақшагирии стратегӣ, мониторинг ва арзёбӣ дорад. Ӯ дар таҳияи санадҳои барномавӣ, хулосаҳои таҳлилӣ ва ҳисобот таҷриба дорад.

Донишкадаи ҲИМОМ (Central Asia Regional Economic Cooperation, CAREC) ташкилоти байниҳукуматиест, ки ба пешбурди ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Роҳи Абрешим тавассути илм ва омӯзиш бахшида шудааст. Қароргоҳи донишкада дар Урумчӣ ҷойгир аст.

Донишкадаи ҲИМОМ аз ҷониби ёздаҳ кишвари узви он — Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон истифода ва идора карда мешавад.

Ҷӯразода то шомил шудан ба Донишкадаи ҲИМОМ мушовир дар бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *