Дар Душанбе боз як нафар қиморбоз боздошту ҳабс шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҳабси маъмурии боз як нафар қиморбоз хабар дод.
— Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Кӯлобиев Қурбон Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 25.08.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С. Айнӣ, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст, барои машғул шудан ба қиморбозӣ, ба истилоҳи мардумӣ алик-малик, дастгир карда шуд. Номбурда дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба воситаи карта ба бозии мардумфиребонаи қиморбозӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағиҳои шаҳрвандонро аз худ мекардааст. Аз ҷумла, санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ назди «Боғи ҳайвонот» ҳангоми машғули ин бозӣ будан дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки нисбати шаҳрванд Кӯлобиев Қурбон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ