Асрори Рахмон

Журналист, мунаққид ва шоир Асрори Раҳмонфар даргузашт

Субҳи имрӯз, 14 –уми феврал рӯзноманигор, шоир ва мунаққиди адабиёт, собиқ муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Асрори Раҳмонфари Сомонӣ аз олам даргузашт.

Тавре ки пайвандони марҳум ба Pressa.tj  хабар доданд,  номбурда чанд соли охир аз бемории дил ранҷ мекашид. Рӯзноманигори маъруф, шоири ватансаро, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Асрори Раҳмонфари Сомонӣ  71 сол дошт.  

Ӯ  зодаи деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент ва дастпарвари факултаи филологияи тоҷики (гурӯҳи журналистика) Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) мебошад.

Гуфта мешавад, ки маросими видоъ бо марҳум дар ҳавлии бародараш Ҳабибҷон Бобозодаи Раҳмон, дар кӯчаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, атрофи чапи собиқ заводи хишт, наздикии бозори «Меҳргон» баргузор мегардад.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, соати 13:00 дар масҷиди Сариосиё доир мегардад.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj аз марги рӯзноманигор ва адабиётшинос Асрори Раҳмонфар андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабру таҳаммул хоҳонанд. Бозгашти ҳама ба сӯйи Ӯст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *