Дар Душанбе форуми олимону ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон доир мешавад

Тоҷикистону Узбекистон тасмим доранд, ки форуми якҷоияи олимон, ҳамоишҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро дар соли оянда баргузор намоянд.  

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот ду роҳбар изҳори умедворӣ карданд, ки ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, ба инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду давлат ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.

Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *