Чаро Асрорзода ба Донишгоҳи Лондони Ғарбӣ рафт?

Дар шаҳри Лондон ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо роҳбарияти Донишгоҳи Лондони Ғарбӣ масоили ҳамкориро баррасӣ намуд.  

Дар доираи вохӯрӣ ректор ва ҳайати ҳамроҳонаш аз пойгоҳи лаборатории муассисаи таълимии мазкур дидан намуда, таҷрибаи бойи Донишгоҳи Лондони Ғарбиро дар самти роҳандозии низоми дуалии таҳсилот мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Лондони Подшоҳии Британияи Кабир аз Институти технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи Лондони Ғарбӣ дидан намуда, бо роҳбарияти Институт ва бахши робитаҳои байналмилалии  донишгоҳ мулоқот намуданд.

Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Институти татбиқии мазкур бо раванди татбиқи дастовардҳои олимону муҳаққиқон дар истеҳсолот шинос шуданд. Ҳамзамон, масъулин намояндагони донишгоҳро бо низоми занҷираи тавлиди идеяҳо, стартапҳо ва татбиқи амалии онҳо ошно намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *