Дар Душанбе «Хонаи савдои Узбекистон» боз шуд

Дар Душанбе маросими ифтитоҳи “Хонаи савдои Узбакистон” баргузор шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, намояндагони сафорати Узбекистон дар Душанбе ва иттиҳодияи «Узпромстройматериал» ширкат доштанд.

Тавре сардори Раёсати фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон Меҳроҷ Ботиров қайд кард, Тоҷикистон дар содироти масолеҳи сохтмонӣ дар ҷойи дуюм аст.

Ботиров кайд кард, ки «Хонаи савдо» масолеҳи гуногуни бинокориро пешкаш мекунад.

 “Имрӯз дар шаҳри Душанбе теъдоди зиёди биноҳои серошёна ва иншооти гуногун бунёд шуда, талабот ба маҳсулоти мо зиёд аст”, — афзуд ӯ.

Мақомот умедворанд, ки дар оянда «Хонаи савдо» ба афзоиши гардиши мол миёни Узбекистону Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *