Дар Душанбе корхонаи азими истеҳсоли қолин ифтитоҳ ёфт

Имрӯз, 20 декабр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар  ноҳияи Шоҳмансур корхонаи «Қолинҳои Душанбе»  ба истифода дода шуд.

Корхонаи азими қолинбофӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд гардидааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, дар корхонаи нави истеҳсолӣ 500 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, теъдоди зиёди кормандонро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Дар корхонаи нави саноатӣ дар як шабонарӯз 4 ҳазору 500 метри мураббаъ қолин бо шаклу андозаҳои гуногун, нақшу нигор ва тарҳи милливу аврупоӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи корхона 1 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ қолинро дар бар мегирад.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири қолинбофӣ аз ширкати машҳури «Вандевил»-и (VAN DE WIELE) Шоҳигарии Белгия ворид карда шудааст, ки мутахассисони тоҷик хатҳои истеҳсолиро васлу насб намуда, пурра идора менамоянд.

Бо мақсади муаррифӣ ва дастрасии қолинҳо ба мизоҷон дар назди корхонаи “Қолинҳои Душанбе” мағозаи замонавии фурӯши маҳсулот таъсис ёфтааст. Дар мағозаи мазкур мизоҷон имкон доранд, ки бо нархҳои дастрас қолинҳои дилхоҳи худро интихоб, фармоиш ва харидорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *