Роҳпаймоии осоишта дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб

Ба хотири қабули ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пазируфтани соли 2025 дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон роҳпаймоии осоишта доир гардид.

Дар роҳпаймоии осоишта сокинони касбу кори гуногун, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ иштирок доштанд. Сокинони шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб аз қабул шудани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки 14-уми декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

Бояд гуфт, ки бо қабули ин қатънома аллакай ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *