Дар Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон бунёд мешавад

Тоҷикистону Узбекистон тасмим доранд, ки дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки саноатӣ бунёд кунанд.

 Масъалаи таъсиси ин корхонаи  муштараки саноатӣ дар  пойтахт зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон  «Кварс» Акмалҷон Бӯриев  баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар  Узбекистон,  Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо коршиносон дар  ноҳияи Қуввасойи вилояти Фарғона дар корхонаи шишабарории «Кварс» бо фаъолият ва тавлиди шиша дар ин коргоҳ шинос шуданд.

“Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image