Фурӯши беш аз 1 миллион ниҳоли ороишиву мевадиҳанда дар Суғд

Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулу зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар рӯзи аввали ярмарка, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмонон аз вилояти Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон аз намоиши ниҳолу кӯчат ва заҳмати деҳқонон дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо пешниҳоди боғпарварону сокинон гардид. Роҳбарияти вилоят зимни боздид аз ярмаркаи ниҳол таъкид дошт, ки боғпарварӣ аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар вилоят садҳо гектар боғоти нав бунёд карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади роҳандозӣ намудани маъракаи кабудизоркунӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *