Дар Душанбе мактаби байналмилалии “Рӯдакӣ” бунёд мешавад

Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе барои бунёди мактаби байналмилалии “Рӯдакӣ” мувофиқат карданд.

Дар робита ба ин, 1 январи соли равон мулоқоти сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва раиси Маркази умури байналмилалӣ ва мадориси Эрон Муҳаммад Таботабоӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо масъалаи муҳими ҳамкории ду кишварро, ки ба таъсиси як мактаби байналмилалӣ ба номи “Рӯдакӣ” марбут аст, баррасӣ намуданд.

Ин иқдом як қадами муҳим барои таҳкими равобити дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва таълим мебошад.

Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки мактаби мазкур дар Душанбе бо мақсади таълими забони тоҷикӣ ва фаҳмидани фарҳанги мусоири ду кишвар таъсис меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *