Дар Душанбе маркази интиқоли технология боз мешавад

Ҷамшед Табарзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе бо директори генералии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Ҷао Ҷунюан мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷамшед Табарзода роҳандозии робитаҳоро дар соҳаҳои фанноварӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи идораи шаҳрӣ, тадбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавиро таъкид намуд.

Ҷао Ҷунюан бошад, оид ба ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе изҳор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *