Муин дар бонуфузтарин мусобиқаи сол ҳунарнамоӣ мекунад

Варзишгари шуҳратёри тоҷик Муин Ғафуров муҳорибаи навбатии худро доир мекунад.

Гуфта мешавад, ки муҳорибаи Муин Ғафуров бо намояндаи Россия Саид Нурмагомедов дар бонуфузтарин муҳорибаи сол UFC 294, ки дар Абу-Дабӣ 21-уми октябр баргузор мешавад, ба нақша гирифта шудааст.

Дар асл Муин Ғафуров бояд рӯзи 2-юми сентябр дар UFC муҳорибаи дуюми худро баргузор мекард, аммо бо сабаби сари вақт раводидашро ба даст наовардан муҳорибааш лағв шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муин Ғафуров 18 пирӯзӣ ва 5 бохт дорад. Рақиби ӯ Саид Нурмагомедов бошад, 17 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Дар UFC 294 ситораҳои машҳури ташкилот ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз ҷумла, чемпиони вазни сабук Ислом Махачев бо Чарлз Оливейра. Ислом камарбанди худро бори дуюм ҳимоя карданисту Оливейра бошад, чемпион шудан мехоҳад.

Размикори тоҷик Муин Ғафуров аз ҳозир фаъолона омодагиро ба ин мусобиқаи бонуфуз оғоз кардааст.

Муин Ғафуров фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз кардааст. Пеш аз UFC дар ташкилотҳои ACA, ONE FC, ADW ширкат кардаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *