Бохтар: Нозироти андоз ба андозсупорандагон хизмати босифат мерасонад

Сиёсати андоз яке аз омилҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодист, ки барои рушди устувори иқтисоди кишвар замина фароҳам меорад. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чунин сиёсати созанда роҳандозӣ гардида, дар 8 моҳи соли 2023 дастовардҳои назаррас ба миён омадаанд.

Бино ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар Зуҳуршо Назарализода, ин ниҳод дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар кўшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” амалӣ намудаву талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар 8 моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андозҳои иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104% таъмин гардида, ба ҷойи 188,8 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 196,9 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 8,1 млн сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 31,1 млн сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Иҷроиши нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ (контингент) ба ҷойи 159,4 млн сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 166,2 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки ба андозаи 104% таъмин гардида, нисбат ба нақша 6,8 млн сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад, ба маблағи 26,8 млн сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бе назардошти Нозироти андозсупорандагони калон (НАК) ба андозаи 104% таъмин гардида, ба ҷои 141,2 млн сомонӣ ба буҷет 146,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 5,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 59,5 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба буҷет 64 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 108% рост меояд.

Бақияи қарзи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ тибқи маълумотҳо дар Нозироти андоз дар маҷмуъ ба ҳолати 01.09.2023 маблағи 13 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба 01.01.2023 ба андозаи 5,2 млн сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Бо мақсади иҷроиши уҳдадориҳои андоз ва кам кардани бақияпулиҳои андоз аз тарафи Нозироти андоз нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар 8 моҳи соли 2023 ба миқдори 478 адад огоҳиномаҳо ба маблағи 13,8 млн сомонӣ бо мақсади ворид намудани маблағи қарзи андозҳо ба буҷет ба андозсупорандагони қарздор фиристонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 адад зиёд аст ва тибқи огоҳиномаҳои пешниҳодгардида ба буҷет 5,7 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки 42 фоизи маблағи огоҳиномаҳои додашударо дар бар мегирад.

Инчунин дар ин давра аз тарафи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар ба миқдори 245 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 9 млн сомонӣ қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124 адад зиёд мебошад ва аз ҳисоби қарорҳои татбиқгардида дар ин давра ба буҷет 6,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки 72 фоизро дар бар мегирад.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар 277 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад зиёд мебошад. Маблағи умумии протоколҳои тартибдодашуда 722,9 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 477,1 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки маблағи рӯёнидашуда 66 фоизро дар бар мегирад.

Дар соли 2023 дар Нозироти андоз тибқи маълумотҳои барномаи системаи иттилоотии андоз (СИА) шумораи андозсупорандагони бақайдгирифташуда 5246 ададро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 169 адад андозсупоранда зиёд мебошад: аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 1024 адад (1024-1022, нисбат ба 01.09.2022 сол 2 адад зиёд), соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 1070 адад (1070-1044, нисбат ба 01.09.2022 сол 26 адад зиёд), шаҳодатнома бо шартҳои махсус 2229 адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 923 адад (3152-3011, нисбат ба 01.09.2022 сол 141 адад зиёд) мебошад.

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар Нозироти андоз 12 адад ташкилотҳои ҳуқуқӣ, 110 адад соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 541 адад шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 107 адад соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, дар маҷмуъ 770 адад андозсупоранда ба қайд гузошта шудаанд.

Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар дар 8 моҳи соли 2023 корҳои назоратӣ гузаронида, дар натиҷа нисбати 84 адад андозсупоранда ба маблағи 5,2 млн сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҳисоб карда шуда, ба маблағи 4 млн сомонӣ ба буҷет пардохт карда шудааст, ки 77 фоизи маблағи андози иловагӣ ҳисобшударо ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сардори Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар Зуҳуршо Назарализода, таъмини андозсупорандагон бо дастгоҳи назорати хазинавӣ ва риояи тартиби истифодаи он таҳти назорати доимии кормандони нозироти андоз қарор дошта, ба ҳолати 01.09.2023 ба миқдори 900 адад ва дар 8 моҳи соли ҷорӣ 21 адад андозсупоранда бо ДНХ таъмин гардидаанд.

— Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми имкониятҳоро истифода намуда, чораҳои иловагӣ меандешад,- меафзояд ӯ.

М. АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *