Дар Душанбе метро месозанд

Дар ояндаи наздик то амалишавии марҳилаи аввали Нақшаи генералӣ, яъне то соли 2025 дар шаҳр аввалин метроҳо низ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки нахустинаш дар назар аст, дар хиёбони Н.Қарабоев сохта шавад. Барои ҳаракати метро дар шаҳр роҳҳои ҳавоӣ сохта мешаванд.

Хабарнигори тоҷик Нурмуҳаммад Раҳимӣ дар саҳифааш дар Фейсбук аз натиҷаҳои моҳҳои аввали фаъолияти Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси шаҳри Душанбе ситоиш карда, бархе ҷузъиёти нақшаи умумии рушди пойтахт, маъруф ба Генплани Душанбе, аз ҷумла нақшаи бунёди метрои сабук дар пойтахти Тоҷикистонро нашр кардааст.

Бино ба ин навиштаи Нурмуҳаммад Раҳимӣ, қарор аст, дар Душанбе алакай дар соли 2015 нахустин истгоҳи метро дар кӯчаи ба номи Неъмат Қаробоев кушода шавад.

ТАФСИЛОТИ НАҚШАИ НАВИ ГЕНЕРАЛӢ ВА ИҚДОМОТИ СОЗАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳрдорӣ дар як муддати кӯтоҳ ба як қатор муваффқиятҳои наву назаррасе ноил гардид ва дар як муддати кӯтоҳ симои шаҳр ба куллӣ дигаргун шуд. Дар шаҳр бисёр навовариҳо рӯи кор омаданд ва аксар корҳо ончунон босуръат амалӣ мешаванд, ки баъзеҳо дар ҳайрат меафтанд ва бехабар ҳам ҳастанд.
Дар зарфи 5-6 моҳ азнавсозӣ гардидани як қатор боғу гулгаштҳо аз қабили Боғи ба номи А .Мироненко, Боғи ба номи С.Айнӣ, Боғи «Дӯстии халқҳо», гулгашти ба номи Куйбишев (назди Маркази савдои Садбарг»), Боғи шафати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва даҳҳо мавзеъҳои дигарро метавон ном гирифт, ки қаблан ҳолати ҳузнангез доштанд ва имрӯз пурра азнавсозӣ шуданд. Беш аз 50 майдончаҳои варзишиву дилхушии кӯдаконаро низ дар ин радиф ном гирифтан мумкин аст.
Ба ғайр аз ин амалишавии Нақшаи генералӣ дар шаҳр босуръат идома доард ва амалишавии онро Пешвои миллат ва Раиси шаҳр шахсан зери назорат гирифтаанд.
Дар ояндаи наздик шаҳр тамоман симои нав ба бар хоҳад кард. Аллакай қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт гузошта шуданд. Сохтмони истгоҳҳои наву замонавӣ, ки аввалинаш дар шафати бинои шаҳрдорӣ сохта шуд, ин паёмест аз оғози ин кор. Дар идома дар хиёбони марказӣ –Рӯдакӣ 16 адад чунин истгоҳҳо сохта мешаванд.
Дар идома дар хиёбонҳои марказӣ барои пиёдагардон роҳҳои ҳавоӣ сохта мешавад, то амнияти ҳаракати пиёдагардон таъмин гардад. Ғайр аз ин таъмири кӯпрукҳои шаҳр ва ороиш додани онҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ дар мисоли кӯпруки роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик (Текстил) ва вурудгоҳ имрӯз идома дорад.
Дар ояндаи наздик то амалишавии марҳилаи аввали Нақшаи генералӣ яъне то соли 2025 дар шаҳр аввалин метроҳо низ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки нахустинаш дар назар аст, дар хиёбони Н.Қарабоев сохта шавад. Барои ҳаракати метро дар шаҳр роҳҳои ҳавоӣ сохта мешаванд. Илова бар он лоиҳаи Боғи нави ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар шакли сафарӣ дар майдони беш аз 18 гектар дар қисмати деҳаи Қамчинӣ дар ҳолати омода шудан аст, ки дар он имкон мешавад, шахс тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз манзараҳои боғ дидан кунад.

Сохтмони роҳҳои давродавр ё эстакатаҳо дар мисоли гардиши маҳаллаи 82 дар ҳоли иҷроиш аст. Баъди он сохтмони чунин роҳи давродавр дар гардиши Қараболо оғоз мегардад. Дар Нақшаи нави генералӣ сохтмони 20 адад чунин эстакатаҳо дар назар аст.
Сохтмони шаҳраки олимпӣ дар маҳаллаи пайватшавии дарёи Кофарниҳон бо дарёи Душанбе низ дар нақшаи генералӣ дар назар аст. Дар ин макон варзишгоҳи нави ҷумҳуриявӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, шаҳраки нав бо биноҳои 20-ошёна сохта мешаванд. Бо мурури замон баъди амалишавии марҳилаи аввали НаҚшаи нави генералӣ хиёбони Ҳ.Шерозӣ ба хиёбони марказии шаҳр табдил меёбад. Дар маҳҳаллаи Ҳаёти нави ноҳияи Сино сохтмони шаҳраки наву замонавӣ бо биноҳои то 60-ошёна дар назар дошта шудааст
Низоми хизматрасонии соҳаи нақлиёт низ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Баъди ворид намудани автобусҳои наву замонавӣ аз Туркия Раиси шаҳр ба масъалаи фарҳанги хизматрасонӣ ва пардохти роҳкиро низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Бо амалишавии лоиҳаи «Сити кард», ки имкон медиҳад пардохти роҳкиро тавассути кортҳои электронӣ ба роҳм онда шавад, дар назар аст, ки мушкили пардохти роҳкиро, бақияпулӣ ва фарҳанги хизматрасонӣ ҳалли худро пайдо намояд. Истиқлолият ва дастовардҳо муборак бод!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *