Ӯзбекҳо дар деги ҳафттонагиашон ош пухтан

Рӯзи 8 сентябр ошпазҳои узбек дар шаҳри Тошканд дар як дег 7 тоннаву 360 кило ош пухтанд. Ин ош ҳамчун оши аз лиҳози ҳаҷму вазн бузургтарини дунё ба Китоби рекордҳои Гиннес расман шомил карда шуд.

Беш аз 50 узбек оши рекордиро дар чорчӯби ҷашнвораи фарзанги мардумии O’zbegim дар зарфи 6 соат пухтанд. Барои пухтани ин оши рекордӣ дар як деги 7-тоннагӣ 1500 кило гӯшти гов, 400 кило гӯшти гӯсфанд, 220 кило равғани думбаи гӯсфанд, 1900 кило биринҷ, 2700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз, 440 литр равғани растанӣ, 57 кило намак, 100 кило нахӯд, 190 кило мавиз, 5 кило зира, 2 кило мурчи сиёҳ, 1 кило куркума ва 350 литр обро истифода бурдаанд.

Ҷараёни пухтани оши бузургтаринро намояндагони расмии созмони Guinness World Records мушоҳида мекарданд ва дар анҷом ба ошпазон шаҳодатномаи Китоби Рекордҳои Гиннесросупурданд.

Барои тамошо ва чашидани оши рекордӣ дар назди меҳмонхонаи «Узбекистон”, гулгашти Марказӣ ва Сайилгоҳ, ки дар байни мардум бо номи «Бродвей” маъруф аст, ҳазорон нафар аз сокинони Тошканд ва манотиқи дигар ҷамъ омаданд.

Оши рекордиро баъди сабти он дар Китоби рекордҳои Гиннес дар 14 нуқта дар маҳалли баргузории ҷашнвораи O’zbegim ба мардум тақсим карда, ҳамчунин дар чанд дег ба ятимхонаҳову хонаҳои кӯҳансолон, аз ҷумла ба «Муруват” ва «Саховат” бурданд.

Рӯзи 17 август дар шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд дар як дег ба таври озмоишӣ беш аз 6 тонна ош пухта буданд, ки бузургтарин рекорд дар таърихи Узбекистон дониста мешуд. Шабакаи телевизионии «Milliy” («Миллӣ”)-и Узбекистон гуфт, мехоҳад рӯзи 8 сентябр дар ин дег дубора ва бо даъвати намояндагони Guinness World Records ош пазанд ва ин рекордро расман ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил кунанд.

Барои ин дар корхонаи металлургии шаҳри Олмалиқ деге фармоиш доданд, ки диаметраш 4,2 метр ва ғунҷоишаш 8 тонна ё 8 ҳазор литр аст. Вазни умумии ин филдег 7 тоннаву 70 кило ва вазни оташдоне ки ин дегро болояш гузоштанд, қариб 3 тонна гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *