Дар Душанбе як баробар зиёд ҷойи кор ташкил шуд
Давоми як соли гузашта корхонаҳои шаҳри Душанбе ба хориҷи кишвар 6 миллион доллар маҳсулоти истеҳсолӣ содирот кардаанд.
Дар ин бора имрӯз, 18-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ масъулини мақомоти шаҳри Душанбе ба журналистон хабар доданд.
“Соли 2020 дар шаҳр 33 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ташкили 1600 ҷойи нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд. Ин рақам нисбат ба як соли пештар 800 адад бештар аст”,-иброз дошт Амирхон Қурбонзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе.
Таъкид гардид, ки аз ҳисоби 483 корхонаи саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард доллар барабар шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба соли 2019 104,1 фоизро ташкил додааст.
Амирхон Қурбонзода гуфт, айни замон корхонаҳое, ки солҳои пеш аз тарафи шахсони алоҳида хусусӣ гардиданд ё кор намекунанд, бо дастур ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе зина ба зина фаъол карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ