Дар Душанбеарчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохт
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маркази майдони «Дӯстӣ», дар рӯ ба рӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохт. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он ба анҷом расад. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» айни ҳол ба ороиши ин арчаи идона машғул ҳастанд.
Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов хабар додааст, арчаи солинавӣ бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин арчаи идона аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ хоҳад кард. Хусусан шабона бо фурӯзон гардидани чароғакҳои рангаи он арчаи солинавӣ боз ҳам диққатҷалбкунанда мегардад. Корҳои орошии арчаи идона ҳанӯз ба анҷом нарасида бошанд ҳам, сокинону меҳмонони пойтахт аз назди он бетавофут гузашта наметавонанд. Онҳо тавассути телефонҳои мобилӣ арчаи солинавиро бо шавқ аксбардорӣ мекунанд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ дар дигар гӯшаву канори пойтахт, аз ҷумла, дар Боғи «Дӯстии халқҳо» ва назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон низ арчаҳои идона гузошта мешаванд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо мақсади таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.
Санъаткорону ҳунармандон бо суруду таронаҳои нав баромад намуда, баъди анҷоми ин барномаи фароғатӣ, баробари фарорасии соли нав мушакпаронӣ ҳам дар назар дошта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки ҷашни Соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Он аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намуда буд.
Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ