Дар Фаластин чӣ мегузарад?
Аз оғози имсол хушунату даргириҳои байни Исроилу фаластиниҳо шиддат гирифта, талафоти ҳар ду тараф зиёд шудааст. Чаро?
Масъала чист?
Хушунатҳои охир бештар дар каронаи ғарбӣ ва Байтулмуқаддас рух додаанд. Ин минтақаҳоро Исроил аз соли 1967 дар ҷанги Ховари Миёна дар ихтиёр гирифтааст. Ҳарчанд сарчашмаи ин мушкилот ҳамчунон ҷои баҳс дорад, давраи нави хушунатҳо аз моҳи марти соли 2022 шуруъ шудааст. Дар арзи чанд рӯз Исроил бо чанд ҳамлаи маргбор аз тарафи фаластиниҳо рӯ ба рӯ шуд ва аз он замон дар ҷавоби он ҳамлаҳо Исроил амалиёти низомии бетанаффусеро дар каронаи ғарбӣ пеш гирифта, тақрибан ҳар шаб ба минтақаҳои ишғолкардааш ҳамлаи ҳавоӣ мекунад.
Шароит чӣ тавр бадтар шуд?
Тайи як соли гузашта шумори зиёде бар асари амалиёти низомии Исроилу ҳамалоти фаластиниҳо маҷруҳу кушта шудаанд, аммо он чӣ, ки ин давраи хушунатро барҷаста мекунад, ҳам мизони талафоти ҷонӣ ва ҳам теъдоди ҳаводисест, ки дар он чандин нафар кушта шудаанд.
Соли гузашта 146 кас аз низомию ҷангҷӯ то шаҳрвандони оддии фаластинӣ ба дасти неруҳои Исроил дар каронаи ғарбӣ ва қисмати шарқии Байтулмуқаддас кушта шудаанд. Ин рақам болотарин рақам аз соли 2005 инҷониб аст, ки Созмони Милал шуруъ ба ҷамъоварии омори куштаҳои ин даргириҳо кард. Ҳам замон 29 исроилӣ ва 2 шаҳрванди кишварҳои дигар, ки 4 нафари онҳо ғайринизомӣ буданд, бар асари ҳамлаи фаластиниҳо ва ё арабҳои исроилӣ кушта шуданд. Имсол маргбортарин сол дар Исроил аз сол 2015 инҷониб будааст.
Дар давоми ду моҳи аввали имсол теъдоди куштаҳои ин даргириҳо (60 фаластинӣ ва 14 исроилӣ) болотар аз ҳамин давраи соли 2022 будааст ва ин даргириҳоро ба бархӯрдҳои хунинтарин дар чанд соли охир табдил кардааст.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Ташкилоти худгардони фаластинӣ дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои низомии Исроил ба Наблос дар моҳи феврал 11 фаластинӣ ва даргириҳои мусаллаҳонаи дигаре дар моҳи гузашта, 10 фаластинии дигар кушта шудаанд.
Исроилиҳо ҳам аз ҳамлаҳои маргбори фаластиниҳо қурбониҳои зиёде доштаанд. Ҳафт шаҳрванди Исроил дар даргириҳои моҳи январ дар наздикии канисае (ибодатхона) дар шарқи Байтулмуқаддас кушта шудаанд. Дар ҳамлаи дигаре дар моҳи феврали имсол ҳам се нафар дар ҳамла ба истгоҳи автобус дар шаҳри Ҳума кушта шуданд.
Теъдоди зиёде аз ҳар ду тараф бар асари даргириҳое, ки тақрибан ҳар рӯз идома доранд, кушта ё маҷруҳ шудаанд ва ба дунболи он хушунат шиддат гирифтааст.
Далели шиддат гирифтани хушунатҳо чист?
Ҳар тараф тарафи дигареро гуноҳкор медонад, аммо дар умқи моҷаро далоили дигаре ҳам вуҷуд доранд, ки солҳо ҳалнашуда боқӣ мондаанд.
Неруҳои фаластинию ҳомиёнашон мегӯянд, ки бо Исроил ва неруҳои ишғолгар дар ҳоли ҷанг ҳастанд ва аз ҳамлаҳои низомии Исроил интиқом мегиранд. Баъзе аз ҳамлаҳо ба сурати инфиродӣ ва ба дасти афроде сурат мегиранд, ки аз созмони хосе дастур намегиранд. Исроил Ташкилоти худгардони фаластиниро, ки каронаи ғарбиро идора мекунад, дар таҳрики чунин ҳамлаҳо айбдор медонад.
Бахши дигаре аз ҳамлаҳо ба дасти гурӯҳҳои шибҳинизомӣ сурат гирифтааст. Лонаи шерони яке аз неруҳои тозатаъсис фаластиниест, ки дар миёни фаластиниҳо маҳбубияти зиёде пайдо кардааст.
Исроил мегӯяд, ки дар амалиёти низомии худ ба номи “Шикасти мавҷ” гурӯҳҳои низомии фаластинии каронаи ғарбиро ҳадаф қарор дода, то ҳамлаҳои онҳоро боздорад. Аммо ин амалиёт бештари минтақаҳои сераҳолии шаҳру хаймаҳои паноҳандагонро мавриди ҳадаф қарор медиҳад. Ин ҳамлаҳо аксаран аз тарафи неруҳои мусаллаҳи маҳаллӣ бо муқовимати бисёре рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳамин даргириҳоро бисёр хунин мекунад.
Оё ягон поёне барои ин даргириҳо вуҷуд дорад?
Дар ояндаи наздик поёне барои ин даргириҳо дида намешавад. Исроил мегӯяд, ки амалиёти худро то комилан заиф кардани гурӯҳҳои низомии фаластинию боздоштани ҳамлаҳои онҳо идома хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, фаластиниҳо мегӯянд, ки ҳамлаҳои онҳо посух ба амалиёти Исроил аст, ки аз неруҳои низомии бисёр қавитаре истифода кардааст. Дар ин миён ҳеҷ гуфтугӯи сулҳи маънодоре дар ҷараён нест, ки битавонад сулҳи бардавомро расмӣ карда, норизоятиҳою мушкилоти даҳаҳои охирро ҳал кунад. Хости фаластиниҳо ташкили як кишвар асту хостаи Исроил ҳифзи амният.
Ташкилоти худгардони фаластинӣ, ки ба назари бисёре аз фаластиниҳо нисбати ҳамлаҳо ва ишғолгарии Исроил бо ҷиддият бархӯрд намекунад, тамоюли ҷиддӣ ба бархӯрд бо гурӯҳҳои шибҳинизомӣ аз худ нишон намедиҳад, зеро чунин ҳаракат маҳбубияташро дар миёни мардуми оддии фаластинӣ аз он чӣ ҳаст, камтар мекунад ва метавонад барои бақои ҳукуматаш хатарнок бошад.
Ҳукумати нави ростгарою ифротии Исроил ҳам мехоҳад бо хушунати фаластиниҳо ба маротиб ҷиддитар бархӯрд дошта бошад. Онҳо мехоҳанд хонаҳои ҷангҷӯёни фаластиниро вайрон кунанд. Онҳоро ихроҷ кунанду маҳаллаҳои яҳудинишинро дар каронаи ғарбӣ густариш диҳанд.
Идомаи густариши шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳое, ки фаластиниҳо бахше аз сарзамини ояндаи худ медонанд, ба назари бисёре аз фаластиниҳо решаи аслии ин даргириҳои тӯлонӣ бо Исроил аст. Ин шаҳраксозиҳо хилофи қонунҳои байналмилалӣ дониста мешаванд, аммо Исроил бо чунин бардоште мухолиф аст.
Танҳо нуқтаи маҳви умед дар ҷаласаҳоест, ки Амрико дар ҳоли миёнаравии он аст, то исроилиҳову фаластиниҳоро барои аввалин бор баъд аз солҳо дар Урдун ба гуфтушуниди рӯ ба рӯ бинишонад. Ҳадаф аз ин гуфтугуҳо кам кардани шиддати даргирҳою умед ба идомаи ҷаласот дар моҳи март аст.
Миратулло АТОӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ