Махачев и Волконовски

Эҳтимоли такроран рӯ ба рӯ шудани Махачев ва Волконовски

Роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт дар як мусоҳиба аз эҳтимоли доир намудани муҳорибаи такрории Ислом Махачев ва Александр Волконовски гуфт.

Дана Уайт қайд кард, ки “дар ҳоли ҳозир чемпиони муваққатӣ Яир Родригес аст ва ӯ бо Волконовски меҷангад. Нигоҳ мекунем, ки Ислом бо кӣ ба майдон мебарояд. Пасон, агар ҳарду муҳорибаи хуб нишон диҳанд, шояд вохӯриашонро дар даруни октагон ташкил кунем”.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи мусобиқаи UFC 284 муҳорибаи Ислом Махачев ва Александр Волконовски доир гардида буд ва бо баҳои доварон варзишгари доғистонӣ ғолиб шуда, аввалин маротиба камарбанди чемпионии худро дар вазни сабук ҳимоя кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *