Ислом Махачев

Ислом Махачев ба Австралия рафт

Чемпиони кунунии ташкилоти UFC дар вазни сабук Ислом Махачев барои ҳимояи чемпиониаш ба Австралия рафт.

Агарчи то муҳорибаи Ислом Махачев ва Александр Волконовски беш аз 10 рӯз монда бошад ҳам, варзишгари доғистонӣ ба Австралия, ки дар назар аст рақобати онҳо баргузор мегардад, рафта, ба тамринҳояш оғоз кард.

Ҳамчунин, ӯ дар саҳифааш дар “Инстаграм” навишт, ки аллакай бо тимаш тамринро оғоз кардааст.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик аввалин муҳорибаи чашм ба чашм ва нишасти матбуотиашон барпо гардад. Ёдовар мешавем, ки Александр Волконовский дар ду вазни ташкилоти UFC чемпион аст ва баробари ғолиб шудани Ислом Махачев дар вазни сабук, дархости ӯро қабул кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *