Ҷавоби дурушти Волконовски ба Махачев

Размкори доғистонӣ Ислом Махачев пас аз чемпиони UFC шуданаш дар вазни сабук эълон кард, ки мехоҳад бо чемпиони ин ташкилот дар ду вазн Александр Волконовски қувваозмоӣ кунад.

Инак, Волконовски фикрашро дар ин бора мухтасар баён кард:

— Махачев маро ба назар нагирифтааст, вале ба шумо ваъда медиҳам, ки вақте вориди майдон мешавам, ӯ дар ҳолати шок мемонад, зеро усули ҷангии ман усули ӯро шикаст медиҳад. Ман бисёр мехоҳам шикастани ӯро бинам ва шоҳид шавам, ки чӣ гуна рақобатамон ғайри интизори вай сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар рӯйхати беҳтарин размкорони ташкилоти UFC Александр Волконовски дар ҷои якум ва Ислом Махачев дар мақоми сеюм ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *