Президент дар Ваҳдат мактаби наву замонавиро ба истифода дод

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супорид.

Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.

Дар муассисаи тозабунёд 720 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Даргоҳи нави маърифат дорои 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёниятҳои таълимӣ маҷаҳҳаз аст.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар шаҳри Ваҳдат ба 55 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон ҳалли худро пайдо намуд.

Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Архиком” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора” дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раванди омӯзиш дар муассисаи таълимӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, дар бинои нави он 26 нафар ва дар маҷмуъ дар мактаб 80 омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *