Муминобод

Чӣ тавр Одина Гунҷишк шуду Ҷӯрахон Золотой?

Тоҷикони куҳистон аҷаб хислатҳо доранд. Масалан, дар як маҳал ё деҳа даҳ нафар Карим ном дошта бошанд, онҳоро бо тахаллусҳояшон фарқ мекунанд: Карими кампот, Карими тап-тап, Карими помидор, Карими чеснок, Карими топал, Карими ғарак, Карими човандоз ва ғ. Ин гуна тахаллусмонӣ дар бисёр манотиқи кишвар вомехӯрад, аз ҷумла дар ноҳияи Муъминобод.

Дар деҳаи Душанбе се нафар Шер зиндагӣ мекарданд. Якеро бо номи ғук, дигареро моряк ва сеюмиро воҳима мегуфтанд. Акаи Шер дар флоти баҳрӣ хизмат мекарду малоҳи киштии ҳарбӣ буд. Пас аз аскарӣ, рӯзе се-чор бор лаби ҳавзи Муъминобод оббозикунӣ мерафт. Вақте мепурсиданд куҷо меравӣ, ҷавоб медод, ки «море». Ҳамин тавр,   дар деҳаи дигар аз се Одина якеро Одинаи город, дуюмиро Одинаи асал ва сеюмиро Одинаи гунҷишк ном мебурданд. Город (шаҳр) барои он ки вақте аз деҳааш хумори тамошои маркази ноҳияаш мегирифт, ба пурсиши «куҷо равонаӣ», ҷавоб медод: «Город».  

Одинаи сонӣ бошад, рӯзи тобистон дар гармии ҳаво, ки дар ҳавлиаш касе набуд, болои суфаи таги тут дароз мекашад. Яке назараш ба гунҷишке меафтад, ки парвозкунон ба нонхона медарояд. Инро дида аз ҷояш мехезаду рафта дари нонхонаро пӯшида, як бало карда он парандаро медорад. Баъд онро дар қуттии карасин ғӯтонида тар мекунаду гӯгирдро гирфта оташ зада ба гунҷишк мерасонаду ба берун сар медиҳад. Он бо алангаи алов фиррӣ карда, худро ба ғарами дарзаҳои коҳи лаби боми оғил мезанад. Коҳ, оғилхона, хонаҳо то нонхона ҳама ба коми оташ рафтанд. Ҳамин хел Одина ба Одинаи гунҷишк табдил ёфт.

Дар деҳаи Ғофилободи Муъминобод марде мезист бо номи кали Ҷӯрахон, ки бисёр хушдори занҳо буд. Ҳамин кал бо як кори носавобаш лақаби «золотой»-ро гирифт. Дар деҳаи поёнтар зани зебои шавҳардоре бо номи Моҳтоб мезист. Дар асл ӯ моҳтоби ҳақиқӣ буд: чеҳраи сафед, қади баланд, чашмони шаҳлои хуморин… Ҳамин Ҷӯрахони хурдакаки назрногир дар пайи шикори Моҳтоб шуд. Дар ҳамон солҳои 60-70-ум конфети «Золотой ключ» байни мардум машҳуру серталаб буд. Барои он ки бисёр ширину хушмазза буд. Ҷӯрахони ошиқ бо ана ҳамин конфет дили маҳҷабини танозро ёфту ба висолаш расид. Ошиқии Ҷӯрахон овоза гашт ва ба ҷои калимаи кал «золотой» зам шуд. Дар ҳамсоягии Ҷӯрахони золотой марди дигаре мезист, ки мардум ӯро Шарифи ҷантоқ (як навъи растанӣ) мегуфтанд. Шояд аз он ки дар ҳавлии калонаш фақат ҷантоқ мерӯиду халос.

Як шахси дигар дар деҳаи Тоқабуна мезист, ки доимо харсавор мегашт. Ҳатто аз баҳри тамошои тӯйи ҳамсоя ва ё ягон худоии ҳамқишлоқиён харакӣ мерафт. Аз ин ҷо номаш Шарифи харакӣ буд. Дар деҳаи Деҳлоло бошад, марди деҳқони дигарро Одинаи сехара гуфта ҷеғ мезаданд…

Аз 147 деҳаи Муъминобод аз ҷиҳати тахаллусгузорӣ деҳаи Тутқавул дар ҷои аввал, Шаҳринав ҷои сонӣ, баъд Душанбею Ғофилобод, Алака, Ғеш, Навбаҳор, Файзободу Дашти ар-ар меистанд. Дар ноҳияҳои шумо ҳам оё ин анъана мавҷуд аст?

Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *