Дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон назорати занҳои ҳиҷобдор сахттар шуд
Занҳо ва духтарони ҳиҷобпӯшро дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон аз тафтиши сахт мегузаронанд.
На кормандони фурудгоҳ ва на занҳои ҳиҷобдор натавонистанд, шарҳ диҳанд, ки ин тафтишҳо дар кадом асос сурат мегиранд.
Як зани ҳиҷобпӯш, ки субҳи 24 октябр аз Истамбул ба Тошканд баргашт, гуфт, дар фурудгоҳ занҳои ҳиҷобпӯшро нисбат ба занҳои беҳиҷоб бештар тафтиш карданд.
«Ман дар навбат меистодам. Пеш аз ман як зани ҳиҷобпӯш меистод. Аз вай хостанд, ки ҳангоми аз тафтиши гумрукӣ гузаштан рӯймоли сарашро гирад. Навбати ман расид. Аз ман ҳам хоҳиш карданд, ки рӯймоламро гирам. Баъд маро аз чанд самт акс гирифтанд. Вақте ман пурсидам, ки чаро чунин мекунанд, гуфтанд, фармон чунин аст, ки занҳои ҳиҷобпӯшро акс гиранд. Занҳои беҳиҷоб бе мушкил аз гумрук мегузаштанд», — мегӯяд як мусофир.
Дар суҳбат бо расонаҳо кормандони фурудгоҳҳои шаҳри Тошканд, Бухоро, Андиҷон, Фарғона ва Урганҷи Ӯзбекистон ҷо доштани санҷишҳои сахтро рад накарданд.
Зимнан, моҳи ҷорӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармони махфие имзо кардааст. Дар ҳуҷҷат аз маъракаи зидди ришу ҳиҷоб сухан меравад. Дар асоси ин ҳуҷҷат, дар саросари Ӯзбекистон барӯйхатгирии занҳои ҳиҷобпӯш тартиб дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ