Мушаки С-300 ба Тоҷикистон омад

Маҷмааи мушакии С-300 “Фаворит” аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Бино ба иттилои манобаъи Вазорати мудофиаи Русия, ин маҷмаии мушакӣ дар манотиқи наздики  сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон насб хоҳад шуд.

Тоҷикистон пас аз Қазоқистон дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар ҳудудаш Маҷмааи мушакии С-300 “Фаворит” ҷой дода шудааст.

Ин маҷмааи мушакии замонавӣ имкон медиҳад неруҳои зиддиҳавоии пойгоҳи низомии 210-и Русия дар Тоҷикистон ҳарими ҳавоии кишварро нигаҳбонӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *