Дар Хатлон 1966 га замин кишт намешавад

Дар вилояти Хатлон майдони умумии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба 1 ҳазору 966 гектар расидааст. Чунин заминҳо бештар дар ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Хуросон, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Ҷайҳун будааст. Дар ин бора Далер Турамуродзода, муовини раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз соли сипаришуда масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” майдони заминҳои холимонда дар вилоятро 1 ҳазору 778 гектар гуфта буданд.

Дар нишасти матбуотии Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки “моҳи июни соли 2021 ченаки заминҳои холимонда гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 1 ҳазору 966 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Ин маълумот аз МИҲД-и вилоят то ба Ҳукумати мамлакат меравад. Мутаассифона, аз Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ягон нафар дар гузаронидани ченак моро ҳамроҳӣ намекунад. Бо вуҷуди ин, баъди ба охир расидани ченак дар ҳуҷҷатҳои омодакардаи мо дар масъалаи заминҳои холимонда имзо ҳам намекунанд”.

Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки фурӯравӣ, обёрӣ нашудан, баланд будани оби зеризаминӣ, ботлоқшавӣ, санглох ва селоб зер кардан сабаби асосии аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замин мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *