Шаҳринав: Ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият аз ҳозир омодагӣ мебинанд

Дар бинои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав доир ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7. 02. 2022 таҳти №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи васеъ доир гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав, дар кори ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳия Носирзода Ҷаббор иштирок намудаанд. Ҳамзамон, дар ҷамъомади корӣ муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин роҳбарони гуруҳҳо ва зергуруҳҳои корӣ ва раисони кумитаҳои маҳал ҳузур доштаанд.

— Ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли равон қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, дар он ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия, Комиссия оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ, гуруҳҳо ва зергуруҳҳои корӣ, тақвими вохӯрии гуруҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шудаанд, ки вазифаҳои сохторҳои масъул доир ба таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар давраи омодагиҳо ба ҷашн ба таври мушаххас муайян карда шудааст,- зикр намудааст раиси ноҳияи Шаҳринав Носирзода Ҷаббор зимни баргузории ҷаласаи корӣ.

Ҳамзамон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид доштааст, ки баҳри таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон бояд аз ҳамин рӯз камари ҳиммат банданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *