Дар Хатлон 2,7 миллион лола шукуфт

30 март дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни гулҳо «Сайри гули лола» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид. Дар ин бора хабар медиҳад  Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Тибқи иттилои манбаъ озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 феврали соли 2020, №71, дар бораи баргузор намудани озмуни гулҳо: «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо аз ҳадафҳои дигари озмун унвон мешавад.

Аъзои Кумитаи тадорукоти озмун аз намоишгоҳи оростаи намояндагони ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят, инчунин баъзе ташкиотҳои вилоятӣ дидан намуда, ба ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд.

Тибқи маълумотҳо, ба ҳолати 27 марти соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 794 ҳазору 597 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, инчунин қариб 10 миллион бех гулу гулбуттаҳо, аз он ҷумла 2 миллиону 663 ҳазору 655 адад лола, 1 миллиону 229 ҳазору 985 бех садбарг ва қариб 6 миллион бех анвои дигари гулҳо шинонида, дар масоҳати 256 ҳазору 546 метри мураббаъ кишти майсаи ҳамешасабз гузаронида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *