Дастури Президент ба вазири тандурустӣ ва сохторҳои он

30 март таҳти раёсати Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеъи он супориш доданд, ки тавассути ВАО корҳои тарғибу ташфиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзур намоянд.

Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ, чораҳои мушаххас андешида шуда, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *