Дар Хатлон 94 маркази саломатии деҳотӣ бозсозӣ мешавад

Дар вилояти Хатлон 94 маркази саломатии деҳотӣ навсозӣ карда мешавад. Аллакай 17 маркази мавриди назар аз таъмири пурра бароварда шуда, дар 56 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ҳисаи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон 94 маркази саломатии деҳотӣ пурра азнавсозӣ карда мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки бозсозии марказҳои саломатии деҳотӣ дар ноҳияҳои Восеъ — 17, Қубодиён — 15, Кӯшониён — 13, Вахш — 9, Абдураҳмони Ҷомӣ — 7, Ҷайҳун — 7 ва дар ноҳияи Дӯстӣ 2 адад ба нақша гирифта шудааст.

“Ҳоло дар 56 иншооти мавриди назар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. 17 марказ аллакай мавриди ситифода қарор гирифтааст. Боқимонда корҳо мувофиқи нақша идома доранд”,- афзуд ӯ.

Шайдулло Шарифзода мегӯяд, ки марказҳои саломатии деҳотӣ солҳо боз ба таъмир ва бозсозӣ ниёз доштанд. Ба таъкиди вай, баъди таъмири куллӣ дар марказҳои мазкур сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам баланд мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *