Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Сафар АБДУЛЛОҲ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон

— Вақте китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод бо тиражи 200 нусха чоп мешавад, бисёр дардовар аст. Ё фарз кардем, китоби шоире мисли Фарзонабону бо тиражи 500 нусха чоп мешавад.

— Ба ҳаминаш ҳам шукр. Бечора адибон сарпарастҳое амсоли Раҳими Ғармӣ надоранд, ки бо кумаки онҳо ҳазорҳо нусха китоб нашр кунанд.

Сайрам ИСОЕВА, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

— Ба театр омадан як тараф истад, ҳатто имрӯз модарону хоҳарони мо вақт надоранд, ки барои таълиму тарбияи фарзанди худ вақт ҷудо кунанд. То кай чанд донишҷӯро маҷбурӣ ба театр меоранд?

— Бале, вақти модарону хоҳарони мо беҳад танг аст, рӯз то бегоҳ дар хона ба тамошои филмҳои туркӣ андармонанд. Донишҷӯён бошанд, фарзандони ҳамон модарону хоҳарони моянд.

Искандар ХОҶАЗОДА, магистрант дар Ҳиндустон

— Инҷо устодон омада лексияро мехонанду мераванд, мисли устодони тоҷик раҳмдилу дилсӯзу роҳнамо нестанд, вале дар масъалаи имтиҳонот хеле сахтгиранд.

— Боз коре накунед, ки бо баҳонаи сахтгир будани устодон то оғози имтиҳонот донишгоҳро партофта гурезед!? Аз раҳмдилу дилсӯз будани устод ягон фоида нест!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *