Дар Хуҷанд 590 иншоот сохтаву ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, имрўзҳо дар шаҳр бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 98 адад иншооти таъиноташон гуногун бомаром идома дорад. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 57 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст.
— Дар доираи бунёдкорӣ ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода додашуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 139,5 млн сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 203,9 фоизро ташкил дода, ба ҳар як сари аҳолӣ 702,0 сомонӣ рост меояд,- меафзояд манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси нақшаи генералӣ аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” дар шаҳри Хуҷанд нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 1-2, 26, 27, 28-29, 30 ва аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар шаҳри Душанбе нақшаи муфассали хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаҳои Рифъат Ҳоҷиев, Гагарин, ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони соҳа нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 4-5, 14-15 таҳия шуда, дар ин маҳаллаҳо сохтмони бино ва иншоот ба таври комплексӣ амалӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ